Э. РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Июнь 29, 2010 09:38

Нимаи дуюми рўз 25 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мурғоб ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон омад. Боздиди Сарвари давлат аз деҳаи Вранги дуртарин ҷамоти ноҳия, ки дар дараи овозадори Вахон ҷойгир аст, оғоз ёфт. Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст як мактаби нави замонавиро, ки бо 10 синфхона барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст,  мавриди истифода қарор дод. Зимни дидани мактаб зикр гардид, ки дар назди ин мактаб то соли оянда боз як бинои дигар бо 8 синфхона бунёд меёбад ва дар он маҷмуан барои 320 хонанда дар як баст шароити таълиму тарбия муҳайё мегардад. Ҳангоми сўҳбат бо мактаббачагони ин деҳа аён гашт, ки сатҳи донишомўзиашон хубу ибрабахш аст. Хонандаи синфи 9 Фидои Юсуфбек, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорони ҷавон аст, дар сўҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки худаш лоиҳаи як осёби обиро таҳия намудааст ва мехоҳад онро дар деҳаи Вранг бунёд карда, ба мардум хизмат расонад. Сарвари давлат дар посух бо хушнудӣ изҳор дошт, ки маблағи бунёди ин осёбро аз Фонди захиравии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунад. Ба роҳбарият ва омўзгорони мактаб дастур дода шуд, ки барои таълиму тарбияи хуби ин навраси боистеъдод таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоянд, то ки оянда бо квотаи президентӣ ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон қабул шавад. Дар ҳамин деҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Ишкошим мулоқот намуда, сўҳбати ошкору самимӣ анҷом дод. Тадбирҳои зиёде, ки имрўз аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия татбиқ мегарданд ва барои оянда ба нақша гирифта шудаанд, боиси хушҳолӣ, сарфарозӣ ва сипосу қадрдониимардуми Ишкошим гардид. Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи порсолаи мактаби деҳаи Путупи ноҳия Софияи Давлатбек, ки табъи шоирӣ ва дониши баланд дорад, аз ҳисоби квотаи президентӣ ба яке аз мактабҳои олии шаҳри Душанбе қабул шуда, бо хобгоҳ ва дигар шароити зарурӣ тамин мегардад. Чунонки маълум шуд, ў соли гузашта ба Донишгоҳи давлатии Хорўғ дохил шудааст, вале бо сабаби тангдастии оилаашон, таҳсилро давом дода натавонистааст. Мардуми деҳа бо самимияту муҳаббати беандоза андешаҳои сипосу қадршиносии худро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназираш баён намуданд. Худи ҳамин руз бо иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим бинои нави осоишгоҳ ва якчанд иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 29, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст