ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 1 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастаги бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи «Фароҳам овардани шароити иҷтимои иқтисоди барои ҷавонони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд Маркази ҷавонон кушода мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори бахши иттилоотию таҳлии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар кушодашавии он раиси Кумитаи мазкур Маликшо Неъматов ва намояндагони мақомоти маҳали ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва Бонки умумиҷаҳони иштирок менамоянд. Бино ба маълумоти манбаъ, Марказ аз якчанд утоқҳои кори синфхонаҳои замонавӣ бо компютер таҷҳизонидашуда ва толори фарҳангӣ иборат буда, барои баланд бардоштани фарҳанги ҷавонон, ва ҷалби онҳо бо шуғлҳои дӯстдоштаашон равона карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки ин Маркази ҷавонон дар вилояти Суғд ягона маркази замонавии ба меъёрҳои байналмиллали ҷавобгӯ буда, дар баланд бардоштани донишҳои сиёсиву фарҳангии ҷавонони шаҳри Исфара заминаи хуб фароҳам меорад. Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Кумита ва дар ҳамкори бо Лоиҳаи дар боло зикргардида ба муносибати Рӯзи Ваҳдати Милли дар ноҳияи Данғараи вилоряти Хатлон Маркази ҷавонон кушода шуда буд. Ва бояд гуфт, ки сохтмони чунин марказ дар ноҳияи Ҳисор идома дорад ва рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад, қайд намуд дар охир Ҷ Нуров.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






