КИШТИ БАҲОРИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бино ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дурнамои кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ соли равон 432 ҳазору 362 гектар мебошад. То имрӯз дар майдони 397 ҳазору 327 гектар замин кишт гузаронида шудааст, ки ба 91,9 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Дар вилояти Хатлон дурнамои кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ 192 ҳазору 943 гектар буда, то имрӯз майдони 181 ҳазору 390 гектар замин киштгардон шудааст. Кишоварзони вилояти Суғд дар майдони 155 ҳазору 836 гектар замин кишти баҳорӣ гузарониданд, ки ба 93,5 фоизи дурнамо баробар мебошад. Дурнамои кишти баҳорӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ 65 ҳазору 813 гектар мебошад, ки то имрӯз дар майдони 52 ҳазору 233 гектар замин кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Инчунин дар ВМКБ дурнамои кишти баҳорӣ 6 ҳазору 983 гектар буда, айни замон майдони 7 ҳазору 868 гектар замин киштгардон карда шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






