МАҶЛИСИ ШӮРОИ ДОИМИИ СААД

Июнь 25, 2010 16:36

Маскав,  25 июн. (АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). —   24  июн  дар  Маскав  маҷлиси  Шӯрои  доимии  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  баргузор  гардид. Иштирокчиёни он  пешниҳоди  Федератсияи  Русияро  дар  бораи  такмил  додани   роҳу  воситаҳои  вокуниши  дастаҷамъӣ ба  вазъияти  бӯҳронӣ ва  фавқулодда  муҳокима  намуданд.  Қарор  дода шуд, ки   муҳокимаи  масъала  баъди   муқаррар  гардидани  мавқеи  ҳамаи  давлатҳои  аъзои  созмон  давом дода шавад. Муншии  умумии   созмон  Николай  Бордюжа  ба  иштирокчиёни  маҷлис  хабар  дод, ки  ҳайати  зудамали   созмон 25  июн  барои  боздиди корӣ  ба  Қирғизистон  фиристода  мешавад. Гурӯҳи  мазкур   мувофиқи  тавсияҳои  котибони шӯроҳои  амнияти давлатҳои аъзои  созмон  ташкил  ёфтааст. Дар  маҷлис  инчунин  лоиҳаи  изҳороти   сарони давлатҳои   аъзои  СААД   бахшида ба   проблемаҳои  паҳн  гардидани  маводи  нашъадори  Афғонистон ба  мамлакатҳои  минтақа  муҳокима  карда  шуд.  Ҳуҷҷат  бо назардошти  мавқеи   ҷонибҳо   ба  муҳокимаи  сарони давлатҳои  аъзои  созмон  фиристода  мешавад. Дар  маҷлис намояндагони  доимии давлатҳои  аъзои  созмон  иштирок  доштанд.

Июнь 25, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст