МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ТАИР МАНСУРОВ

Июнь 8, 2010 18:07

8 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуровро  ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо дар муқобили таҳдиду хатарҳо ва мушкилоти глобалӣ, аз қабили бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуд. Таир Мансуров аз ҷумла изҳор дошт, ки ба наздикӣ аз ҳисоби Фонди зиддибўҳрони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 90 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ў ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки 20 нафар аз кўдакони рассоми Тоҷикистон, ки ғолиби озмунҳои байналмилалӣ дар мавзўи истифодаи сариштакоронаи об гаштаанд, бо  мукофотҳои пулии Шўрои соҳибкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сарфароз гардонда мешаванд. Маблағи ҳар як мукофот ба 2200 сомонӣ баробар аст. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Остонаи қазоқистон баргузор мегардад,  сурат гирифт. Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Эмомалӣ Раҳмонро «яке аз асосгузорони ин созмон» номида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар ин созмон баҳои баланд дод. Дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ў изҳор дошт, ки «натанҳо нерўгоҳҳои обии Сангтўда ва Роғун, балки дигар нерўгоҳҳо низ бояд сохта шаванд, чунки барои Тоҷикистону Қирғизистон ин роҳи асосии тараққиёт аст ва таъкид дошт, ки сохтмони ин гуна иншоот бояд бо назардшти манфиатҳои кишварҳои поёноб сурат бигирад». Ба гуфти ў «нерўи барқ натанҳо барои эҳтиёҷоти дохилӣ, балки барои содирот низ бояд истеҳсол шавад ва кишваре, ки нерўи барқ содир мекунад, кишвари босубот рушдкунанда ба шумор меравад». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 8, 2010 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад