РАИСИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУОВИНОНАШ АЗ НАВ ДАР ВАЗИФААШОН ТАСДИҚ ГАШТАНД
Душанбе, 30 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки 30 июн таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, муовинонаш Юсуфиён Ҷамшед, Малоҳат Холиқзода ва Тӯрақул Ҳақназаров аз вазифаашон озод карда шуда, дубора ба вазифаҳояшон таъин гардиданд. Зимни шарҳи Фармони Президенти мамлакат намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов гуфт, ки мақсад аз озод ва дубора ба вазифаҳояшон тасдиқ кардани Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ, ин ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллӣ» мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






