СОЗИШНОМАҲОИ НАВ ВА ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Июнь 29, 2010 09:29

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти иқтисодшиноси шинохта Эмоми Раҳим, созишномаҳои нави байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва райони автономии Синсизян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рушди муносибатҳои нави иқтисодӣ, савдо, энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хоҷагии кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, илму фарҳанги ҳарду давлати ҳамсоя саҳифаи нави ҳамкориро боз хоҳад кард. Тибқи созишномаҳои нав дар давоми ду соли оянда хати нави интиқоли барқи «Хуҷанд — Айнӣ» ба маблағи 36,9 млн. доллар, ки иқтидори он 220 кВт/ соатро ташкил медиҳад сохта хоҳад шуд. Тавассути фаъолияти соҳибкорони ҳарду ҷумҳурӣ иқтисодиёт сол аз сол ривоҷ ёфта, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешаванд. Фаъолияти беш аз 40 шркати чинӣ дар Тоҷикистон нишон аз ҳамкориҳои бештар судмнди иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кардаи ҷаҳонӣ мебошад. Соҳибкорони чинӣ дар соҳаи гидроэнергетика, саноат, хоҷагии кишоварзӣ, рушди пахтакорӣ, коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир  менамоянд, ки он ба  пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.  

Июнь 29, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид