ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ МУҚАДДАС
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-27 июн мардуми тоҷик яке аз рӯзҳои муқаддасро дар таърихи давлатдории худ -13-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил менамояд. 13 сол муқаддам, яъне 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин санади муҳими таърихию тақдирсоз ба даргириҳо дар кишвар хотима гузошта, сарнавишти ояндаи мардуми тоҷик, дурнамои рушд ва шукуфоии Тоҷикистонро муайян сохт. Соли равон 13-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –шаҳри Хоруғ ботантана таҷлил мегардад. То ба имрӯз ба ифтихори ин санаи фархунда бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эvомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон ва ноҳияи дурдасти Мурғоб даҳо иншооти ҳаётан муҳими ҷашнӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба ифтихорӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахти кишвар –шаҳри Душанбе тасдиқ шуд. Тибқи он рӯзи 27 июн дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва Майдони «800 –солагии Маскав» сайругашти идонаи оммавӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва кишоварзӣ ташкил карда мешавад. Ба муносибати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии устод Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб, зиёиён, фаъолони Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат мулоқоту вохӯриҳо гузаронида мешавад. Шоми 27 июн дар Амфитеатри пойтахт консерти идона бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Навои Ваҳдат» барпо мегардад. Инчунин, 13-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таҷлил мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






