ҶАМЪБАСТИ ФАОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ФУРУДГОҲ

Июль 15, 2010 09:06

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» шашмоҳаи аввали фаъолияташро  дар соли ҷорӣ ҷамъбаст намуд. Муовини директори генералии корхонаи мазкур Азиз Иброҳимов дар бораи фаъолияти шашмоҳаи корхона мухтасар   маълумот дода,  иброз дошт, ки  корхона дар  ин муддат тавонист вазъи иқтисодии худро устувор нигоҳ дорад. Зимнан амнияти мусофирон дар тамоми хатҳои парвоз хуб таъмин карда шудааст. Бино ба гуфти А.Иброҳимов, фурудгоҳ бо 19 ширкати ҳавопаймоии дохил ва хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Дар давраи ҳисоботӣ ба   487 ҳазору 513 нафар мусофирон хизмат расонида шудааст, ки аз он ба буҷаи ҷумҳурӣ 21, 3 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Муҳаммад Ҳабибов дар ин нишаст ба фаъолияти нимсолаи аввали  корхона баҳои баланд дода аз камбудиҳои он дар бобати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуд. Дар ҷаласа оид ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ба мақомоти марбутаи фурудгоҳ супориши мушаххас   дода шуд.

Июль 15, 2010 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид