БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ АВРУОСИЁ БАЙНИ НАВРАСОН

Июль 13, 2010 16:11

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Мутобиқи созишномаи иқтисодии Авруосиё аз 4 то 12 сентябри соли ҷорӣ дуюмин  бозиҳои варзишии Авруосиё байни наврасон баргузор мегардад, зикр намуд дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Бояд қайд намуд, ки   бозиҳои варзишӣ бахшида ба таҷлили 10 солагии Созишномаи иқтисодии Авруосиё баргузор хоҳад гардид. Тибқи Низомномаи  мусобиқаи мазкур  дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Чкалов мусобиқаҳо аз рӯи 6 намуди варзиш  бо иштироки зиёда аз 510 варзишгар баргузор гардид. Айни замон, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 113 нафар аз рӯи намудҳои варзиши сабук, бокс, дзюдо, шиноварӣ, гӯштини юнонӣ-румӣ, тенниси рӯи миз, гимнастикаи бадеӣ, волейбол ва футбол барои иштирок дар бозиҳои зикр гардида омода мебошанд. Инчунин бояд ёдовар шуд, ки  аз 10 то 26 августи соли ҷорӣ дар давлати Сингапур нахустин бозиҳои Олимпии наврасон баргузор мегарданд, ки дар он варзишгарони мамлакат иштирок хоҳанд кард.  

Июль 13, 2010 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид