ДАР БОЗОРИ «САХОВАТ» ГЕРОИН ДАРЁФТ НАМУДАНД

Июль 1, 2010 11:20

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 808,4 гр героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар вақти гузаронидани амалиёти махсус аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2  ноҳияи Синои пойтахт, шаҳрванд Абдулҳакимов Барот, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ш.Кулоби вилояти Хатлон, дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 22 июни соли равон дар назди бозори «Саховат» — и шаҳри Душанбе аз  шаҳрванд Маҳмадуллоев Алишер, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кулоб, 90 дона бастаи ба капсула монанд, ки дар дохилаш 808,4 гр героин буд, мусодира гардид, ки онро бо мақсади дар оянда барои ба Федератсияи Россия интиқол додан ба шаҳрванд Сафаров Ҳабибулло, соли таваллудаш 1974, низ истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб додааст. Ин маводи марговар аз меъдаи Ҳ. Сафаров гирифта шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Июль 1, 2010 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст