ДАРАВИ КОМБАЙНИИ ҒАЛЛА БА РОҲ МОНДА ШУД

Июль 6, 2010 09:18

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Имрӯзҳо  аз ҷамъоварии ғалла дида чорабинии муҳимтаре дар соҳаи кишоварзӣ ба нақша гирифта нашудааст. Бо супориши вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар ҳамаи хоҷагиҳо  дарави комбайнии ғалла ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои Раёсати сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи вазорати мазкур, дар ҷумҳурӣ 1137 комбайнҳои ғалладарав ба қайд гирифта шудааст, ки 491 адади онро комбайнҳои хусусӣ ташкил  медиҳанд. Айни замон 888 адад комбайн ба ҷамъоварии ғалла сафарбар карда шудааст, ки ин баробари 78 фоизи умумии комбайнҳои ба ғалладарав ҷалб кардашуда мебошад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, миқдори комбайнхои ғалладарав дар вилояти Суғд 370, дар вилояти Хатлон 350 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 166 ададро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи он барои ҷамъоварии ғалла ба саҳро бароварда шудаанд. Таъмири боқимонда комбайнҳо дар ҳамаи хоҷагиҳо ба роҳ монда шудааст, ки  мақсад аз ин сари вақт ва беталаф ҷамъоварии  «Ҳосил —   2010» мебошад,- иброз доштанд дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Июль 6, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид