МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ИСФАНДИЁР РАҲИМИ МАШШОИ

Июль 12, 2010 14:02

12 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Роҳбари дастгоҳи Президенти  Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машшоиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвари дўсту ҳамзабон баррасӣ шуд. Пайгирии иҷрои саривақтии аҳду паймонҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Аз рафти сохтмони  нерўгоҳи обии «Сангтуда-2» ва вусъат ёфтани  татбиқи дигар тадбирҳои ҳамкории бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Масоили таҳкиму густариши ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар низ дар маркази таваҷҷўҳи мусоҳибон қарор дошт. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 12, 2010 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид