ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲОИ БУҶАВӢ ОШКОР ГАРДИД

Июль 20, 2010 09:22

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуотии прокуратураи вилояти Суғд, дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар макотиби таълимоти умумӣ ва олии ин вилоят тасарруфи маблағҳои буҷавӣ ошкор карда шуданд. Прокуратураи шаҳри Хуҷанд фаъолияти дусолаи сармуҳосиби Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷаи санҷиш  маълум гардид, ки сармуҳосиби донишгоҳи мазкур Б.З бо роҳи сӯистифода аз боварӣ дар давоми ду соли охир аз хазинаи донишгоҳ ба тариқи ғайриқонунӣ маблағҳои  буҷетӣ ва маблағҳои пардохткардаи донишҷӯёнро дар ҳаҷми 1млн. 900 ҳазор сомонӣ тасарруф намудааст. Айни замон сармуҳосиб дар боздошти пешакӣ нигоҳ дошта шуда, нисбати амали содиркардаи ӯ бо моддаҳои  245 қ.4 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247қ.4(қаллобӣ), 323 (сохтакории хизматӣ) –и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтиш  бурда мешавад.

Июль 20, 2010 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид