ТАЪСИСИ ЛАГЕРҲОИ ИСТИРОҲАТИЮ ФАРОҒАТӢ ДАР МУЪМИНОБОД
Муъминобод, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо ташаббуси раиси ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Зокиров дар ҷамоати деҳоти Туту барои 30 нафар кӯдакони оилаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, лагери истироҳатию фароғатӣ таъсис дода шуд, ки кӯдакон айни ҳол ба шароитҳои лозима таъмин мебошанд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия Қудратулло Каримов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида аз 1- уми июли соли ҷорӣ басти дуюми лагери тобистона бо маблағгузории Кумитаи иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар 5 мактаби таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад, ки дар он беш аз 150 нафар кӯдакону наврасон ба лагери истироҳатию фароғатӣ фаро гирифта мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ кӯдакон дар ин лагери тобистона ба хондани китобҳои бадеӣ, бозиҳои варзишӣ, сайру гашти табиати зебоманзар ва дигар бозиҳои шавқовар сафарбар гардида бо ду вақт хӯрок таъмин карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки имсол барои гузаронидани лагери тобистона аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 1200 сомонӣ ва аз тарафи буҷаи маҳалии ноҳия 4000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин барои гузаронидани лагери истироҳати мусоидат кард. Тавре Қ. Каримов зимни сӯҳбат ба мо иброз дошт, фаро гирифтани мактаббачагон ба лагери истироҳатию фароғатии тобистона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гардидааст, ки аксари онҳо аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Инчунин раиси ноҳия С. Зокиров тасмим гирифтааст, 16 июли соли ҷорӣ 10 нафар кӯдакони оилаҳоеро, ки аз офати табиӣ хисорот дидаанд тибқи роҳхат ба осоишгоҳ барои муолиҷа равона созад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






