14 НАФАР ДОВТАЛАБИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ РУСИЯ

Август 20, 2010 08:56

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаи давлатӣ оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси фарҳанг, санъат ва табъу нашр 14 нафар довталабонро барои таҳсил ба мактабҳои олии фарҳанг ва санъати Федератсияи Русия  равон намуд. Довталабони тоҷик имсол ба Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Маскав, Академияи ҳунарҳои бадеии ба номи Строганови шаҳри Маскав, Консерваторияи давлатии ба номи М. Глинкаи шаҳри Новосибирск ва Консерваторияи давлатии ба номи М.Мусоргскии шаҳри Екатеринбург тавсия шудаанд. Инчунин, ду нафар гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба таҳсил ба мактабҳои олии фарҳанг ва санъати шаҳри Маскав равона гардиданд. Тавре сардори шўъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов мегўяд, имрўзҳо ҷараёни қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг — Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Коллеҷҳои санъат, фарҳанг, хореография, рассомӣ ва мактабҳои махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ ва М. Атоев идома дорад. Тибқи нақша имсол 1 280 нафар довталабон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ёдовар мешавем, ки аллакай тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода 42 нафар дохил шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» итиллоъ доданд.      

Август 20, 2010 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид