150 СОЛАГИИ З. ҶАВҲАРӢ ВА РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР СУҒД

Август 23, 2010 15:59

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари  Абӯбакр). — 150-солагии нависандаи тоҷик Зуфархон Ҷавҳарӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд таҷлил карда мешавад. Дар ин бора аз  маркази  матбуоти маъмурияти  вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар»   хабар доданд. Дар доираи ҷашни мазкур вохӯрии адабиётшиносон дар зодгоҳи З. Ҷавҳарӣ дар шаҳри Истаравшан баргузор мегардад. Ҳамчунин, мулоқоти профессор Отахон Сайфуллоев бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Зуфархон Ҷавҳарӣ дар адабиёти тоҷик» ба нақша гирифта шудааст.  Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ ташвиқу тарғиби  эҷодиёти З. Ҷавҳарӣ мебошад.  Қарори дигари раиси вилояти Суғд ин рӯзи 22 сентябр дар вилоят ҷашн гирифтани Рӯзи Рӯдакӣ мебошад. Дар доираи ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ гузаронидани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин рӯз дар Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ филми ҳунарии  «Қисмати шоир» нишон дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Рӯдакӣ аз оғози соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Соли 2008  дар ҷумҳурӣ бахшида  ба 1150 солагии  сарояндаи мумтози  шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ соли Рӯдакӣ эълон гашта буд.  

Август 23, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад