ФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН ДАР ВОСЕЪ
Қурғонтеппа, 3 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).-Прокуратураи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон нисбат ба истиқоматкунандаи деҳаи «Зафаробод»-и ҷамоати «Гулистон»-и ноҳияи мазкур Ибодулло Асадуллоев парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд. Тавре аз прокуратураи ноҳияи Восеъ хабар доданд, Ибодулло Асадуллоев бо роҳи фиреб 00,8 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Навкорам»-ро ғайриқонунӣ ба сокини ҳамин ноҳия Файзулло Муродов ба маблағи 500 доллари ИМА фурӯхт. И. Асадуллоев медонист, ки ҳуқуқи фурӯхтани қитъаи заминро надорад, лекин ӯ ба қонуншиканӣ роҳ дод. Прокуратураи ноҳияи Восеъ аз рӯи далели мазкур прокуратураи ноҳияи Восеъ мутобиқ ба моддаи 247 қисми 2 боби «В» Кодекси Ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд. Тафтиш идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






