ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА АФЗУДААСТ

Август 24, 2010 10:47

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова). — Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аввали сол дар миқёси ҷумҳурӣ дар майдони 12356 гектар картошка шинонда шуда буд. Деҳқонон то санаи 23 августи соли равон ҳосили майдони 2681 гектарро ҷамъоварӣ карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 344 гектар зиёд мебошад. Нақшаи истеҳсоли картошка 253309 тонна буда, айни ҳол 46720 (18%) тонна иҷро гардидааст. Ҳосилнокӣ 174,3 сентнериро дар бар мегирад. Дар вилояти Суғд аз майдони умумии кишти картошка (5449 гектар) то имрӯз ҳосили майдони 281 гектар замин ҷамъоварӣ карда шуда, нисбат ба соли сипаригардида 211 гектар зиёд мебошад. Нақшаи истеҳсоли картошка ба 98745 тонна баробар буда, айни замон 3295 (3%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ соли ҷорӣ 117,3  сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 2,7 сентнер зиёд гардидааст. Кишоварзони вилояти Хатлон дар масоҳати 1977 гектар замин кишти картошка гузаронидаанд, ки айни ҳол ҳосили майдони 1473 гектар ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи истеҳсоли картошкаи вилоят 45214 тонна мебошад ва то имрўз 24359 (54%) тонна иҷро шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3152 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ бошад ба 165,4 сентнерӣ баробар мебошад.  Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони кишти картошка 3551 гектар мебошад, ки айни ҳол ҳосили 927 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсоли картошка 81500 тоннаро ташкил дода, то имрўз 19066 тонна иҷро шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2599 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ бошад 208,7 сентнериро ташкил медиҳад.       

Август 24, 2010 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд