ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон 05 августи соли 2010 Намояндагони мўҳтарами воситаҳои иттилооти ҳамагонӣ, Мулоқоти раҳбарони се кишвари дорои пайвандҳои ниҳоят зиёди таърихӣ суннати нек ва арзишмандест, ки имрўз дар шаҳри бостонии Теҳрон мо шоҳиди идомаи матлуби он мебошем. Дар силсилаи мулоқоту музокироте, ки анҷом гирифт, маҷмўи васеи масоили мавриди таваҷҷўҳи се кишвар баррасӣ гардиданд. Мавзўи меҳварӣ – густариш ва тақвияти муносибатҳои дўстонаи се кишвар буд. Дар ин росто ба талоши муштарак ва ҳамоҳангии зарурӣ ба татбиқи барномаҳои бузург ва таърихии ҳамкории сеҷониба таваҷҷўҳи хос зоҳир шуд. Мо бахусус сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва хатти 500-киловолтии Тоҷикистон – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳадро барномаҳои афзали ҳамкории сеҷониба бо ҷалби васеи сармоягузории хориҷӣ арзёбӣ менамоем. Ва бар онем, ки бо назардошти аҳамияти ҳаётии онҳо барои ҳамаи мо омодасозӣ ва сохтмони онҳо суръати матлуб касб намояд. Мо таъкидан зикр намудем, ки захираҳо ва имконоти мусоид дар ҳама арсаҳо мавҷуданд ва бояд мавриди истифодаи босамар ва мутақобилан судманд қарор гиранд. Бад-ин манзур мо пешниҳод намудем, ки таъсиси як Шўрои ҳамкорӣ таҳти раҳбарии умумии раисони ҷумҳур чун иқдоми муассире дар ин раванд сурат гирад. Мо иттифоқи назар доштем, ки се кишвари бародар амалан дорои манофеи муштарак дар сатҳи минтақа мебошанд, ки онҳо сулҳ, субот ва ҳамкории васеи минтақавӣ мебошанд. Вуҷуд надоштани тариқаи сирф низомии ҳалли масоили Афғонистони бародарро дар назар дошта, мо аз талошҳои ин кишвари дўст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, фароҳам намудани роҳу василаҳои ҷадиди дастёбӣ ба сулҳу истиқрор ва амнияти дохилӣ пуштибонӣ менамоем. Мо хоҳони мусоидати васеъ ва босамари байналмилалӣ ба манзури бозсозии босуръати Афғонистон мебошем. Мо зарурати сатҳи навини ҳамкории кишварҳои мусулмониро таъкид намудем. Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои ҳусни тафоҳум, созанда ва самимият ҷараён гирифтанд. Мо нишасти мазкурро оғози марҳалаи нав ва муҳим дар муносибатҳои дўстонаи се кишвар медонем ва барои татбиқи тавофуқоти он талоши пайгир хоҳем кард. Мо аз пазироии дўстона ва меҳмоннавозии бародаронаи ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ва меҳру самимияти мардуми шарифи Эрон ибрози сипос менамоем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






