МЕТАДОН-ЗИДДИ НАШЪАМАНДӢ
Бадахшон, 16 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Тавре духтури муассисаи тиббии зидди нашъамандии ВМКБ Мӯсо Мардонов иттилоъ дод, ҳоло дар вилоят 789 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 5 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Теъдоди нашъамандон нисбат ба соли 2009 23 нафар зиёд гашта, дар 7 моҳ 18 нафар нашъаманд фавтидаанд. Ба гуфти Мӯсо Мардонов шумораи нашъамандон ва фавти онҳо сар аз моҳи сентябри соли ҷорӣ бояд камтар гардад, зеро барои табобати нашъамандон доруи нав-маҳлули Метадон истифода мешавад. Ин маҳлул дар саросари муассисаҳои тиббии наркологии ҷаҳон санҷида шуда, натиҷаи дилхоҳ додааст. Тарзи табобати он чунин аст: ҳар пагоҳӣ нашъамандон ба муассисаи тиббӣ омада, маҳлули Метадонро истеъмол мекунанд. Баъди истеъмоли ин дору нашъамандро дигар хумори нашъа намегирад ва ҳамин тавр бо мурури замон аз истеъмоли героин даст мекашад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






