РАФТИ КИШТИ ТАКРОРӢ МӮЪТАДИЛ АСТ
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова). — Бино ба иттилои Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ нақшаи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 175 ҳазор гектар буда, айни ҳол дар майдони 174383 (99,6 %) гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Ғалладонагиҳо ҳамагӣ дар майдони 66412 гектар, аз ҷумла дар майдони 30167 гектар ҷуворимакка барои дон, 10793 гектар шолӣ ва 25452 гектар дигар ғаллагиҳо, 1695 гектар картошка, 17983 гектар сабзавот, 4700 гектар полезӣ, 3297 гектар зироатҳои техникӣ ва 80296 гектар зироати хӯроки чорво кишт шудааст. Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти такрорӣ 98 ҳазор гектар буда, то имрӯз дар майдони 97194 (99,2 %) гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5637 гектар зиёд аст. Ғалладонагиҳо ҳамагӣ дар майдони 47053 гектар, аз ҷумла дар майдони 24406 гектар ҷуворимакка барои дон, 7002 гектар шолӣ ва 15645 гектар дигар ғаллагиҳо, 538 гектар картошка, 8512 гектар сабзавот, 3712 гектар полезӣ, 1203 гектар зироатҳои техникӣ ва 36176 гектар зироати хӯроки чорво кишт шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақшаи кишти такрорӣ 25700 гектар буда, айни замон дар майдони 25837 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Ғалладонагиҳо ҳамагӣ дар майдони 12240 гектар, аз ҷумла 5142 гектар ҷуворимакка барои дон, 3333 гектар шолӣ ва 3765 гектари дигар ғаллагиҳо, 540 гектар картошка, 4157 гектар сабзавот, 302 гектар полезӣ, 1525 гектар зироатҳои техникӣ ва 7073 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






