ҲАМЛАИ АВБОШОНИ САРТАРОШИДА БА МУҲОҶИРОН

Сентябрь 21, 2010 15:24

            Маскав, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). — 19 сентябр Васоити ахбори оммаи Русия хабари дар шаҳри Домодедоваи назди шаҳри Маскав ба 5 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷум намудани гурӯҳи  ҷавонони дар рӯҳияи тундгароӣ тарбияёфтаро ба нашр расонид.             Пас аз задухӯрд ҳамаи панҷ нафар ба беморхона, аз ҷумла се нафарашон ба шӯъбаи бемориҳои вазнин интиқол дода шудаанд. Хабар дода мешавад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои мардикорӣ ба Русия омадаанд, баногоҳ аз кунҷе якбора гурӯҳи наврасони авбоши сартарошида ҳуҷум намуданд. Зимни ҳуҷум кордро ҳам истифода бурдаанд ва бар асари он ҳамаи панҷ нафар захми корд бардоштаанд.             Агентии «Интерфакс» хабар медиҳад, ки баъди бархӯрди бошиддат гурӯҳи  ҷавонони тундгаро аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Ҷустуҷӯи онҳо то ҳол натиҷа надодааст. Новобаста аз симои зоҳирӣ аён аст, ки онҳо авбошони сартарошида мебошанд.             «Айни замон шаҳрвандони зарардидаи Тоҷикистон дар беморхонаи маҳаллӣ бистарианд. Вазъи саломатии се нафарро духтурон вазнин арзёбӣ менамоянд. Ду нафари дигараш дар шӯъбаи ҷароҳатбандӣ табобат гирифта истодааст», — хабар доданд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Агентӣ.       

Сентябрь 21, 2010 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст