ҲИФЗИ ЭКОЛОГИЯ- ВАЗИФАИ МУҚАДДАС
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ аз 19 то 26 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки 42 намояндаи ҷавони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии давлатҳои ИДМ, ба монанди Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон Лагери байналмиллалии таълимию экологии ҷавонон таҳти унвони «Экологияи Иттиҳод» ва Мактаби экологон ҷавонро баргузор менамояд. Мақсади асосии Лагер ва Мактаби экологони ҷавон ин ҷалби ҷавонон барои иштирок дар ҳалли масъалаҳои экологии кишварҳои ИДМ; таъсиси бонки иттилоотии ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони кишварҳои ИДМ; иштироки фаъол дар ҳифзи муҳити зист ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон дар фазои ИДМ мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






