«АМОНАТБОНК»: АЗ ТАҶРИБА БА АМАЛ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 сентябри соли равон дар филиали №04-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими додани кортҳои бонкӣ ба як қисми нафақахӯрон доир гардид. Аз хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гурӯҳи аввалини нафақахӯрон аз маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт бо теъдоди 805 нафар соҳиби кортҳои бонкӣ гаштанд. «Амонатбонк» тасмим дорад то охири моҳи равон боз зиёда аз ҳазор нафар нафақахӯронро бо кортҳо таъмин намояд. То охири соли ҷорӣ бошад, тибқи барнома ба 59 ҳазор нафақахӯрони ҷумҳурӣ кортҳои бонкӣ тайёр намуда, ройгон пешкаш карда мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати самарабахш ва дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани хизматрасонии мазкур насбу таъмини дастгоҳҳои банкомат ва пост- терминалҳо дар филиалҳои дар пойтахт ва навоҳии кишвар ҷойгирбудаи «Амонатбонк», идома меёбад. Маврид ба зикр аст, ки «Амонатбонк» дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз оғози соли равон дар филиали №03- ноҳияи Синои пойтахт ба таври озмоишӣ 700 нафар нафақахӯронро бо кортҳои бонкӣ таъмин намуда буд. Тибқи барномаи таҷрибавии мазкур, нафақаи нафақахӯрон бо мақсади таъмини шаффофият ва ҳалли дигар масоили умдаи дар ин самт ҷойдошта, тавассути кортҳои бонкӣ пардохт мегарданд. Барномаи озмоишӣ бомуваффақият анҷом ёфт, ки тибқи хулосаҳои он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муваззаф ба иҷрои барномаи пардохти нафақаи аҳолӣ бо кортҳои бонкӣ намуд. Дар асоси барномаи номбурда то охири соли равон бояд ҳамаи нафақахӯрони чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва марказҳои шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ба пардохти кортии нафақа гузаронида шаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






