БАЛАНДТАРИН БИНО ДАР ДУШАНБЕ ҚОМАТ МЕАФРОЗАД
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2011 таҷлил мегардад, дар маркази пойтахт Маҷмааи тиҷоратии «Душанбе –Плаза» ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур 20 ошёна буда, баландтарин бино дар пойтахт маҳсуб мешавад. Тибқи иттилои сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Рустам Муродов, «Душанбе –Плаза» дар хиёбони Рӯдакӣ, бурриши кӯчаҳои Бухоро ва Бохтар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-сохтмон –байналмилал» сохта мешавад. Алҳол, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ босуръат идома доранд. Маҷмааи тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба маблағи 99 миллион сомонӣ сохта шуда, тӯҳфаи хубест ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






