БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Сентябрь 20, 2010 08:39

19 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи фоҷеабори ҳуҷуми мусаллаҳона ба автомошинаи сарбозони Артиши миллӣ, ки нимаи рўзи 19 – уми сентябр дар ноҳияи Рашт рух додааст, андўҳгин буда, ба волидону наздикони нафарони дар ин воқеа ҳалокшуда, изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри иштирок дар Иҷлосияи 65 – уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шудааст, ба Вазорати дифоъ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супоришҳои қатъӣ дод, ки тибқи он гурўҳи ҷиноятпешаи ба ин кори нангин дастзада бояд дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат айни ҳол ниҳодҳои қудратии мамлакат баҳри таъмини амнияту субот ва зиндагии осоиштаи мардум чораҳои муассир амалӣ менамоянд.

Сентябрь 20, 2010 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд