Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАШВАРАТИ СММ.
22 сентябри соли 2010 худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Машварати сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, дар ҷаласаи мизи гирди «Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ раисӣ ва суханронӣ кард. Пеш аз ҳама бояд таъкид дошт, ки раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои муҳими Иҷлосияи 65- уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эҳтиром ва эътирофи нақши намоёни давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ аст. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт: «Кўҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи ғании генофонди гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, растаниҳои ороишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад», ва таъкид намуд, ки «аз ин хотир Тоҷикистон ба гурўҳи даҳ маркази ҷаҳонии бойтарини дорои гуногуннавъии биологии набототу ҳайвонот шомил гаштааст». Дар суханронӣ ҳамчунин омадааст, ки «сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурдаш олами ҳайвонот ва набототи Тоҷикистон тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нақши назарраси кўҳистони Тоҷикистон дар нигоҳдории захираҳои биологӣ ва аҳамияти бузурги онҳо дар ташаккулу нигаҳдории иқлими Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ба он наздик, пешниҳод намуд, ки «Созмони Милал дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Маркази минтақавии кўҳистонии гуногуннавъии биологиро таъсис бидиҳад» ва изҳори боварӣ намуд, ки «чунин иқдом ба пайдоиши яке аз марказҳои муҳимтарини тадқиқоту идораи гуногуннавъии биологии кўҳӣ дар сатҳҳои минтақавӣ, субминтақавӣ ва глобалӣ сабаб хоҳад шуд».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






