ФУРӮШАНДАГОНИ ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-6 ҳазору 450 кг доруҳои мӯҳлатгузашта, қалбакӣ ва пастсифат, инчунин 550 кг маводи ороишии гигиенӣ дар партовгоҳи беруназшаҳрӣ аз ҷониби кормандони Ҳадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯзонида несту нобуд карда шуд. Доруҳо ва маводҳои ороишии мӯҳлаташон гузаштаю пастсифат ва қалбакӣ дар натиҷаи мунтазам гузаронидани назорати сифат дар бозорҳо, мағозаҳо ва нуқтаҳои фурӯши доруворӣ ва аттории пойтахт ошкор ва мусодира карда шуд. Сардори бахши иттилоотии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ Бибихонум Дарвешзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Хадамот барои боз ҳам баландтар бардоштани сифати дорувории ба кишвар воридшаванда саъю талош намуда, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Мавсуф афзуд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ як қатор ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ, ба мисли «Ҳалим 2002», «Дармонкомпания», «Раҳмат-2004», «Абӯбакри Карим», «Квант» ва «Технологияи хурди биологӣ» низ доруҳои мӯҳлаташон гузаштаро нобуд сохтанд. Бибихонум Дарвешзода афзуд, ки Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ минбаъд низ назорати сифатро аз болои воридот ва фурӯши доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва маводи атторӣ пурзӯр мегардонад. Мутобиқи қонунҳои амалкунанди кишвар шахсонеро, ки ба фурӯш ва воридоти дорувории қалбакӣ, пастсифат ва мӯҳлаташ гузашта машғуланд аст ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






