ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ 12 ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ БУНЁД КАРД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои аз офати табиӣ зарардидагони минтақаи Кўлоб 12 хонаи истиқоматӣ бунёд намуда, рӯзи 16 сентябр ба Комиссияи қабули хонаҳо пешкаш намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод, фурудгоҳи Душанбе тибқи нишондоди Комиссияи минтақавӣ оид ба бунёди хонаҳо сохтмони 10 адад хонаро бар ўҳдаи худ гирифта, ба бунёди 6 хона дар деҳаи Қайқидашти ҷамоати Меҳнатобод ва 4 хона дар деҳаи Дашти дилии ҷамоати Пахтаобод шурўъ кард. Илова бар ин, Директори генералии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов аз ҳисоби пасандозҳои худ сохтмони як хонаро бар ўҳда гирифт ва ташаббуси ўро ҳамкори фаронсавиаш директори сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе Фредерик Фанту дастгирӣ намуд. Ҳамин тариқ, ду хонаи дигар дар деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ сохта ба истифода дода шуд ва дар маҷмўъ фурудгоҳи Душанбе ба зарардидагон 12 хонаи истиқоматӣ сохт. Дар мавриди ҷиҳозонидани хонаҳо низ бояд гуфт, ки лавозимоти зарурӣ аз қабили гилему курпачаву болишт, ва дигар асбоби рӯзгор харида шудааст. Дар сўҳбат Хулпӣ Химкиева, Сафаралӣ Муқимов, Маҳмадулло Зарифов, Бобоҷон Нуралиев ва Асадулло Пирназаров, ки аллакай ба хонаҳои нав кўчидаанд, ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхории ҳамарўза миннатдории худро баён намуданд. Комиссияи қабули хонаҳоро Директори агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов роҳбарӣ кард. Масъулини мақомоти иҷроияи ноҳияи Восеъ дар ҳайати муовини раиси ноҳия Нурулло Мирзоев, сармеъмор Отабек Муқимов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Сайвалӣ Собиров, масъули соҳаи барқ Мирзо Одинаев намояндаи ҳифзи муҳити зист Шамсиддин Абдуразоқов, сардори стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ Маҷобир Носиров ҳамаи 12 хонаҳоро аз назар гузаронида ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Хонаҳоро ширкатҳои сохтмонии «Авиастрой», «Алкон Душанбе», «Промстройсервис», ҶС «Ҷалил», ҶС «Файз» сохтаанд. Бино ба гуфти фармоишгар коргарони маҳаллӣ таҷрибаи хуби корӣ дошта, дар муҳлати муқарраршуда, бо риояи қоидаҳои сохтмонӣ хонаҳоро бунёд кардаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






