ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БОНКИИ КИШВАРҲОИ СҲШ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Ҳафтаи аввали моҳи равон як гурӯҳ иборат аз роҳбарияту мутахассисони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии кишвар, ки бо сармоягузориҳои хориҷии тавассути «Амонатбонк» дастрасгардида фаъолият мекунанд, бо даъвати Бонки давлатии рушди Чин ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар намуданд. Мақсад аз сафари мазкур ширкат дар семинару чорабиниҳои гуногуни аз тарафи Вазорати тиҷорати ҶМЧ дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай доир гардида, вусъати ҳамкориҳо бо доираҳои гуногуни тиҷоратию бонкдории ин кишвари ҳамсоя маҳсуб меёфт. Аз хадамоти иттилоот ва рекламаи «Амонатбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар чорабинии мазкур намояндагон аз тамоми мамолики аъзои СҲШ ширкат варзида, намояндагони Тоҷикистон дар як идда ҷамъомад ва чорабиниҳо вазъи иқтисодию молиявии Тоҷикистонро барои ҳозирин муаррифӣ намуданд. Намояндагони Бонки давлатии рушди Чин қаноатмандӣ ва идомаи самарабахши ҳамкориҳоро бо БДА ҶТ «Амонатбонк» дар самтҳои гуногун изҳор намуда, ширкати фаъоли онро ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони номбурда назаррас баҳогукзорӣ карданд. Гурӯҳи мазкур дар баробари ширкат дар чорабиниҳои номбурда, дар баргузории 19-умин Ярмаркаи байналмилалӣ дар шаҳри Урумчии ҶМЧ иштирок намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






