ХАБАРИ МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КДАМ ҶТ

Сентябрь 12, 2010 17:52

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Маркази робитаҳои ҷамъиятии органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз- 12-уми сентябри соли 2010 дар натиҷаи амалиёти махсус Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14 октябри соли 1977, зода ва ис¬тикоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Пағула, ки тибқи моддаҳои 187, қисми 2, 306, 328, қисми 2 ва 195 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуҷаев Саидисмон Абдуаҳадович, соли таваллудаш 23 феврали соли 1978, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Шаҳринав, ҷамоати Тавилдара, ки бо моддаҳои 187, қисми 2, 306, 328, қисми 2 ва 195, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида буданд, дастгир карда шуданд.  Ашхоси номбаршуда шаби 22 ба 23-юми августи соли ҷорӣ аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буданд. Ҷинояткорон ҳангоми дастгир намудан тавассути автомати Калашников ва таппончаи Макаров муқобилияти сахт нишон доданд. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо истифода аз маҳорати баланди ҷангӣ ва оперативӣ то ҳадди имкон кӯшиш намуданд, ки ҷинояткоронро зинда дастгир намоянд.     Пурсиши пешакии нафарони ҷиноятпеша азон шаҳодат медиҳад, ки ин ашхос мақсади онро доштаанд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ махфӣ амал намуда, ба чанд амалиёти террористӣ, ҳамчунин қасд гирифтан бо хусумати шахси ва дигар амалиёти ниҳоят хатарнок, ки ба ҳаёти одамон, шахсият ва суботи ҷамъият марбут аст, даст зананд. Дастгир ва ҳабс кардани ҷинояткорони ниҳоят хавфнок аз тарафи органҳои амниятии кишвар маҳз бо кӯмак ва ҳамкории шаҳрвандони aлоҳида, аҳолӣ, ватандӯстони асил, ки амнияти Ватану миллат ва сулҳу субот дар кишвар барояшон азиз мебошад, муяссар гардид. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шаҳрвандон сидқан миннатдории хешро баён месозад ва минбаъд ҳам баҳри ҳимояи давлати соҳибистиқлол аз ҳама гунна зуҳуроти террористӣ ва экстиримистӣ, новобаста аз он, ки таҳти кадом шиор онҳо баромад мекунанд  ба чунин ҳамкории судманд зарурат доштани хешро таъкид менамояд. Кофтукови ҷинояткорони фирорӣ аз ҷониби органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қvдратии кишвар фаъолона идома дорад. Ҳангоми дастгир кардани ҷинояткорон аз онҳо 2 дона автомати тамғаи Калашников, як дона таппончаи Макаров, 3 дона норинҷак ва миқдори зиёди муҳимот мусодира карда шуд. Хотиррасон карда мешавад, ки дар ҳолати доштани маълумот нисбати гурӯҳи террористҳое, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли равон аз маҳбасхонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор карда буданд ва ҳама гуна маълумоте, ки ба ин зуҳурот марбут аст, бо телефони 2-21-37-37, хабар диҳанд. Амнияти истифодаи иттилоот ва шахсият кафолат дода мешавад.       Хуҷаев Саидисмон Наимов Толибшо

Сентябрь 12, 2010 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад