ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАХМОН ДАР МАҶМАИ КУЛЛИ СММ
Субҳи рўзи 20 – уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвари давлат нахуст ба Созмони Милал ва сохторҳои дахлдори он барои кўмакҳои намоёнашон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон ва ба кишвари озмоишии (пилотии) пешсаф дар ин самт табдил додани он арзи сипос намуд. Дар суханронӣ натиҷаҳои кори Тоҷикистон дар 10 соли аввали татбиқи ин ҳадафҳо ва нақшаю тадбирҳои Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода барои 5 соли оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии Рушд ва Стратегияи поин бурдани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 дар Тоҷикистон, ки дар асоси Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гаштаанд, босамар татбиқ мешаванд. Тибқи суханронӣ, дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 тавсеаи ислоҳоти идораи давлатӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва тақвияти нақши нерўи инсонӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки рушд муайян шудаанд ва барои татбиқи ин ҳадафҳо бояд қариб 11 миллиард доллар равона карда шавад. Ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, — «дар натиҷаи ин иқдомоти босамар сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 фоизи соли 2003 то 46,7 фоиз дар соли 2009 поин бурда шуд. Интизор меравад, ки сатҳи ин нишондиҳанда соли 2012 ба 41,4 фоиз расонда мешавад. Дар натиҷа 1 миллион одамон аз сатҳи камбизоатӣ берун хоҳанд шуд». Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз мушкилоти Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушд ёдовар шуда, «таъсири манфии бўҳронҳои молиявӣ, ғизоӣ ва энергетикии ҷаҳонӣ, тағйирёбии глобалии иқлим, офатҳои шадиди табиии ҳарсола ва инчунин монеаҳои сунъии дар роҳҳои транзитии кишвар эҷодшаванда» — ро дар ҷойи аввал гузошт. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «сатҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба татбиқи ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи рушд ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҳозиразамон ҷавобгў нест». Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки «таъмини дастрасии ҳар фард ба энергия метавонад омили асосии тезонидани суръати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бошад» ва пешниҳод намуд, ки «ба ин вазифа дар татбиқи ин ҳадафҳои воло афзалият дода шавад». Ба гуфти ў, «Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба хизматрасониҳои муосири энергетикӣ то соли 2030 дастгирӣ менамояд». Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки «ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар таъмини дастрасии боэътимоду босубот ба энергия бояд дар миқёси ҷаҳон афзун карда шавад, технологияҳои наву пешқадам бештар истифода шаванд ва самаранокии истифодаи энергия боло равад». Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «афзун намудани ҳиссаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда чун гидроэнергетика ва нерўи боду офтоб на танҳо имкониятҳоро барои дастрасӣ ба энергия бештар мегардонад, балки ба хеле кам кардани партовҳои зарарнок ба ҳаво мусоидат менамоянд, ки аз роҳҳои самарабахши пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра аст». Чунонки Сарвари давлат таъкид дошт, «Тоҷикистон аз рўи нишондиҳандаи партови газҳо, агар дар дунё дар байни 213 кишвар дар ҷои 105-ум бошад, дар Осиёи Марказӣ ҷои охиринро ишғол менамояд ва ин ба шарофати истифодаи манбаи барқароршавандаи энергия – об аст». «Маҳз барои ҳамин ҳадафҳо Тоҷикистон барои сохтмони нерўгоҳҳои обии хурд, миёна ва бузург иқдомҳо пеш гирифтааст», изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки «тавсияҳои Конфронси байналмилалии об, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони бештар аз 75 мамлакати ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, барои амалӣ сохтани нақшаи тадбирҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то соли 2015 саҳми арзанда хоҳанд буд. Баррасии ин мавзўъ худи ҳамин рўз дар Созмони Милали Муттаҳид зимни маросими муаррифии «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома ёфт. Аз ҷониби масъулин ва коршиносони сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дигари иштирокдор таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишвари озмоишӣ (пилотӣ) дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои Рушди дар Эъломияи Ҳазорсола сабтшуда аз аввалинҳо шуда, эҳтиёҷоти муқаддамотии худро дар ҳаҷми 13 миллиард доллари амрикоӣ муайян сохт ва барои татбиқи онҳо як зумра лоиҳаҳои муҳим таҳия намуда, сармояи зиёди хориҷиро ҷалб кард. Ша Тсу Кан — Муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо назардошти дастовардҳои намоёни Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об, аз ҷумла, изҳор дошт: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об аст». Иштирокдорони ин ҳамоиши муҳим, бо ишора ба як зумра мушкилоти мавҷуда ҳамзамон ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон то соли 2015 изҳори хушбинӣ карданд.