ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН ДАР АФҒОНИСТОН

Сентябрь 17, 2010 11:43

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Чанде пеш дар Кобул чорабинии идонаи расмӣ бахшида ба ифтихори 19-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Тавре аз Сафоратхонаи Давлати Исломии Афғонистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинии идона раиси миллию машваратии Ҷиргаи сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, намояндаи палатаи поёнии Давлати Исломии Афғонистон Юнус Конунӣ, Вазири ВКД ДИА Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, Вазири фарҳанг ва иттилоот Сайид Маҳмуд Роҳин ва дигар намояндагони расмии Ҳукумати Афғонистон, Шӯрои вазирон, вакилон, корпусҳои дипломатии дар Афғонистон қарордошта иштирок намуданд.                «Дар чаҳорчӯби чорабинӣ таомҳои миллӣ ва оҳангҳои миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардид. Меҳмонон, ҳамчунин, бо ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон ва сиёсати созандаи он ошноӣ пайдо намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Имоми Аъзам ва мо» ба меҳмонон тӯҳфа карда шуд», — хабар дод манбаъ.        

Сентябрь 17, 2010 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст