МАҶМАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва маблағгузории ширкати хусусии «Ромсар» дар шаҳри Душанбе маҷмааи варзишӣ ва корти тениси «Тоҷварз» бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 7 сентябри соли ҷорӣ зимни маросими расман кушодашавии ин маҷмааи варзишӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҷавононро ба он даъват намуд, ки барои тақвият додани солимӣ ва рушди варзиш дар ҷумҳурӣ аз иншооти варзишии мамлакат самаранок истифода намуда, дар самти боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд. Инчунин, дар толори нави варзишӣ варзишгарони ҷавон аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш ҳунарнамоӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки 7 сентябр Маликшо Неъматов ҳамчунин бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мулоқот карда, аз дастовардҳои солҳои охири ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ёдовар шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






