МИРЗОАЛӢ БОЛТУЕВ БА ВЕНА РАФТ
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади иштирок дар семинари таъҷилӣ оид ба масъалаи овоздиҳии электронӣ 14 сентябр Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев ба пойтахти Австрия — шаҳри Вена сафар кард. Семинари мазкур рӯзҳои 16-17 сентябр таҳти васояти Раисии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо гузаронида мешавад. Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар семинар Мирзоалӣ Болтуев дар мавзӯи райъдиҳии электронӣ маърӯза менамояд. Дар семинар намояндагони ассамблеяҳои парлумонҳо, институтҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти интихоботӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, кишварҳои иштирокчӣ ва давлатҳои шарики САҲА иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки дар семинар имкониятҳои гузариш ба шакли овоздиҳии электронӣ, меъёрҳои байналмилалӣ, танзими ҳуқуқӣ ва мушоҳидаи ҷараёни овоздиҳии электронӣ ва рушди минбаъдаи овоздиҳии электронӣ дар фазои кишварҳои узви САҲА баррасӣ мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






