МИЗИ МУДАВВАР БО ШИРКАТИ ОЛИМОНУ КОРШИНОСОН

Сентябрь 8, 2010 15:10

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар»). –    Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбати «Мизи мудаввар» доир намуд. Дар сӯҳбати «Мизи мудаввар» докторҳои илми иқтисод С. Комилов, Н. Хоналиев ва номзадҳои илми иқтисод С. Боҳирова ва Р. Юсуфбеков бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар сӯҳбат ҳамчунин, олимону коршиносон ва мутахассисони варзидаи соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ширкат намуда, пиромуни дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии чӯмҳурӣ суханронӣ карданд.  

Сентябрь 8, 2010 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш