МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАРИ БАРОДАР

Сентябрь 21, 2010 13:41

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзи дуюм аст, ки дар «Кохи ваҳдат»-и пойтахт нахустин намоишгоҳи  тахассусӣ дар соҳаи энергетика идома дорад. Намоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, ҳадафи он тавсеаи робитаҳо дар соҳаи энергетика, муаррифии имкониятҳои Эрон дар бахши истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ ва технологияҳои муосири соҳа ва баҳрабардорӣ аз онҳо мебошад. Тибқи иттилои масъули бахши иқтисоди сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Баёнӣ дар намоишгоҳ 15 ширкати эронӣ иштирок карда, дастгоҳҳои дар соҳаи энергетика истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоштаанд. Дар доираи баргузории намоишгоҳ ба имзо расонидани тавофуқномаҳо миёни ширкатҳои энергетикии Эрон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Аббос Баёнӣ афзуд, ки новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш меёбанд. Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика шаҳодати ин гуфтаҳост. Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон аз сӯи ширкати хусусии «Сангоб» ва кӯмаки давлати Эрон бозгӯи тақвияти ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаи энергетика мебошад.

Сентябрь 21, 2010 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст