НАМУНАҲОИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР МИНСК
Маскав, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 21 ва 22 сентябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби мубодилаи намудҳои маводи мухаддир ва воситаҳои асаборомкунанда корашро идома медиҳад. Тавре мушовири маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск Мария Гусало ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тибқи лоиҳаи Созишнома дар назар дошта шудааст, ки давлатҳо ба воситаи мақомоти салоҳиятдори худ метавонанд намунаҳои маводи мухаддир ва воситаҳои асаборомкунандаеро, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, амалиёти тафтишотӣ, инчунин, бо дигар роҳ ба даст омадаанд, барои тадқиқоти коршиносӣ-криминалӣ истифода намоянд. Вазъияти амалисозии мубодилаи мазкур, ҳамчунин, тартиби додугирифти намунаҳо чун ҳуҷҷат ба ҳисоб меравад. Тибқи нақша пас аз гирифтани ризоияти иштирокдорон, лоиҳаи мазкур ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод мегардад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






