НОРАВШАНӢ ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи омори назди Президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар 8 моҳи соли ҷорӣ 266,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4, 9 фоиз кам аст. Дар ин муддат истеҳсоли корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ 87,3 фоиз, газворҳои пахтагин 93,3, абрешим – 95 ва кешбофӣ 98,4 фоиз кам шудааст. Дар айни замон, корхонаҳои саноати дӯзандагӣ дар ҳаҷми 146,6 фоиз истеҳсоли маҳсулотро зиёд карданд. Аз 146 корхонаи соҳа 48,6 фоизашон истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба сатҳи моҳҳои январ – августи соли 2009 зиёд намуданд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, бо вуҷуди саривақт додани барқ ва таъмини саноат бо ашёи хом истеҳсоли нахи пахта дар 8 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз, чигит-54,6, калобаи пахтагин- 63,8, газвори пахтагин 61,4 фоиз кам шудааст, ки сабаби он то имрӯз норавшан аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






