РАҲМОНОВ АЗ САТҲИ ҲАМКОРИҲО ҚАНОАТМАНД ГАРДИД

Сентябрь 17, 2010 14:33

    Душанбе, 17-уми сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар мулоқоти вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо сафири  фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Кумар Бхаттачарҷи баррасӣ гардид.      Сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар мулоқот,  ҳамзамон, масъалаҳои иштироки Ҳиндустон дар татбиқи барномаҳои омӯзиши забони англисӣ ва компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари донишҷӯёни Тоҷикистону Ҳиндустон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар, дастгирии шӯъбаҳои забони ҳиндӣ ва урдуи муассисаҳои олии Тоҷикистон бо адабиёти таълимӣ ва илмӣ, ҷудо намудани бурсияҳо барои такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддат барои мутахассисони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон дар Ҳиндустон муҳокима гардиданд.          Ноилшо Нуралиев афзуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1995 инҷониб дар соҳаи маориф идома дорад. Дар доираи ҳамкориҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишӣ аз рӯи барномаҳои молия ва аудит, технологияи иттилоотӣ, системаи бонкӣ, омӯзиши забонҳо ва ғайра ширкат варзида,  сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро мукаммал мегардонанд.      Алҳол,  дар муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон беш аз 100 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон таҳсил мекунанд.      Тибқи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустону Тоҷикистон» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ озмоишгоҳ кушода шуд, ки алҳол фаъолияти самарабахш дорад.        Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон доир ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи маориф табодули назар карданд.

Сентябрь 17, 2010 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад