РУШДИ МАОРИФ ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Л. Додо).-Тӯли солҳои Истиқлолият баробари соҳаҳои дигари хоҷагии халқи ВМКБ соҳаи маориф низ пеш рафт. Тавре сардори Раёсати маорифи вилоят Ғарибшоҳ Ғарибшоев иттилоъ дод, дар тӯли солҳои Истиқлолият ба хотири рушди соҳаи маориф танҳо аз буҷаи маҳаллӣ 156мл сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Соли 2010 ҳаҷми маблағгузории соҳа нисбат ба соли 2005 3, 5 маротиба зиёд шудааст. Солҳои 2009-2010 дар ҳудуди вилоят 139 мактаб таъмиру таҷдид шуда, дар 48 мактаби нав 299 синфхона бунёд гардид. Танҳо ба хотири ҷиҳозонидани муассисоти таълимӣ соли ҷорӣ 40931569 сомонӣ маблағ сарф гардид. Дар остонаи ҷашни Ваҳдат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 адад компютер ва 90 адад принтер ба муассисоти таълимии вилоят тақдим гардид. Дар маҷмӯъ, таъмини мактабҳои вилоят бо компютер баландтарин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳоло 350 нафар ҷавонони вилоят дар Донишгоҳҳои Амрико, Ҳиндустон ва Чин таҳсил мекунанд , ки ин ҳам аз шарофати Истиқлолият аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






