РУШДИ МАОРИФ ДАР БАДАХШОН

Сентябрь 13, 2010 17:35

Бадахшон, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Л. Додо).-Тӯли солҳои  Истиқлолият баробари соҳаҳои дигари  хоҷагии халқи  ВМКБ соҳаи маориф низ  пеш  рафт. Тавре сардори Раёсати маорифи  вилоят Ғарибшоҳ Ғарибшоев иттилоъ дод,  дар тӯли солҳои Истиқлолият ба хотири рушди соҳаи маориф танҳо аз буҷаи маҳаллӣ 156мл сомонӣ маблағ ҷудо гардид.              Соли 2010 ҳаҷми маблағгузории соҳа нисбат ба соли 2005 3, 5 маротиба зиёд шудааст. Солҳои 2009-2010 дар ҳудуди вилоят 139 мактаб таъмиру таҷдид шуда, дар 48 мактаби нав  299 синфхона бунёд гардид. Танҳо ба хотири ҷиҳозонидани муассисоти таълимӣ соли ҷорӣ  40931569 сомонӣ маблағ сарф гардид. Дар остонаи ҷашни Ваҳдат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 адад компютер ва 90 адад принтер ба муассисоти таълимии вилоят тақдим гардид. Дар маҷмӯъ, таъмини мактабҳои  вилоят  бо компютер баландтарин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳоло 350 нафар ҷавонони вилоят дар Донишгоҳҳои  Амрико, Ҳиндустон ва  Чин таҳсил мекунанд , ки ин ҳам аз шарофати Истиқлолият аст.      

Сентябрь 13, 2010 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид