СӮИСТИФОДА АЗ ВАЗИФАИ ХИЗМАТӢ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Прокурори ноҳияи Ҷ. Румии вилояти Хатлон нисбат ба собиқ меъмори ноҳия Ёрмуҳаммад Абдуллоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёрдамчии прокурори ноҳияи Румӣ Ҷаҳонгир Ҳоҷибоев хабар дод, Ёрмуҳаммад Абдуллоев дар вазифаи мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ноҳияи мазкур аз соли 2008 то апрели 2010 фаъолият намуда, бо истифода аз вазифаи хизматӣ барои сохтмони мағоза дар шаҳраки ба номи С. Исоев дар майдони 12 метри мураббаъ ғайриқонунӣ иҷозат додааст. Қитъаи замини мазкур дар асоси аризаи сокини ноҳия Г. Абдураҳмонова ҷудо гардид. Тибқи гуфтаҳои Ҷаҳонгир Ҳоҷибоев, ин амалҳои Ёрмуҳаммад Абдуллоев ба талаботи шаҳрсозӣ ва меъморӣ муқобиланд. Бо ин амалҳои худ Ёрмуҳаммад Абдуллоев ба Г. Абдураҳмонова дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ зарар расонид. Ҳамчунин, бо ин амалҳои худ Ёрмуҳаммад Абдуллоев ба сокини дигари ноҳия барои дар ҳудуди боғи фарҳанг ва фароғатӣ кушодани мағозаи фурӯши нӯшокиҳо иҷозати ғайриқонунӣ дод. «Ҳудуди боғи фарҳанг ва фароғат дараҷаи дахлнопазирӣ дошта, бояд ҳамчун ҷойи истироҳатӣ истифода шавад. Ин амалҳои Ё. Абдуллоев ҳамчунин, ба талаботи шаҳрсозӣ ва меъморӣ муқобиланд», — зикр намуд Ҳоҷибоев. Прокуратураи ноҳияи Румӣ нисбат ба Ё. Абдуллоев аз рӯи моддаҳои 314 қ. 1 ва 322. қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






