СЕНАТОРИ ИРЛАНДӢ ВА ДАСТГИРИИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Сенатор Фиона О.Меллӣ, ки аз тарафи нахуствазири Ҷумҳурии Ирландия таъйин шуда буд, 4 сентябр барои анҷом додани вазифаи кӯтоҳмудати машваратӣ аз ҷониби созмони байналмилалӣ, хайриявӣ ва ғайридавлатии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа» (VSO) ба Тоҷикистон омад. Сенатор О. Меллӣ таҷрибаи рушди сайёҳиро бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ мубодила намуд. Дар давоми сафари худ сенатор бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ҳамкорӣ намуд ва барои таҳқиқ кардани он ки чӣ гуна туризм ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва махсусан, дар водии Зарафшон саҳм мегузорад ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар назди туристони хориҷӣ ба шаҳри Панҷакент сафар намуд. Дар мавриди сафари худ сенатор гуфт, ки; «Тоҷикистон дорои иқтидори азиме дар оянда мебошад ва метавонад монанди Ирландия ё Юнон қисми зиёди даромадро аз рушди туризм ба даст биёрад. Ин кишвар ҳамаи санадҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дорад ва онро зарур аст, ки туристҳои байналмилалиро ба манзараҳои зебо, оби поку тоза, обрӯи меҳмондорӣ барои дӯст доштани кишвари худ ва мероси бостонӣ ҷалб намояд». Вақте ки дар бораи маконҳои туристӣ аз ӯ савол карданд, сенатор Фиона О.Меллӣ ҷавоб дод, ки аз сафараш хеле лаззат бурдааст ва афзуд; «Ман ҳангоми гузаштан аз ағбаи Анзоб ва водии Зарафшон хеле лаззат бурдам, кӯҳҳо хеле драматикӣ буданд ва ин қадар зебо буданд, ки ман то ҳол дар ҳеҷ куҷо надидаам. Дар Ҳафткӯл ман тавонистам, ки кӯҳнавардӣ кунам, дар яке аз кӯлҳо оббозӣ намоям, ҷаззобият ва меҳмоннавозиро дар манзиле бо номи Нофин таҷриба намоям — ин таҷрибаи беназир буд. Панҷакенти бостонӣ ҳамчун як ғуруб аст — Ман дар воқеъ эҳсос кардам, ки он замон ҳанӯз ҳам побарҷост. Ин кори бузургест, ки Тоҷикистон бахши сайёҳии худро тараққӣ медиҳад». Дар охири сафари сенатор Фиона О.Меллӣ, ҷаноби Лочин Файзуллоев-муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт; «Барои ман ифтихори бузург аст, ки сенатор ба Тоҷикистон ташриф оварда, таҷрибаи коршиносии худро дар соҳаи рушди сайёҳӣ мубодила намуд. Сайёҳӣ нақши бузурге дар рушди ояндаи кишвари мо дорад ва сенатор кори мавҷудаи моро дар соҳаи туризм барои баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Ирландия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъриф хоҳад кард», гуфт ӯ.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






