СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ БА МАБЛАҒӢ 4 МИЛЛИОН $ БА ИМЗО РАСИД
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади татбиқи лоиҳаи ҷадид оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ 8 сентябр байни шаҳрдории Душанбе ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Созишномаи грантӣ ба маблағи 4 миллион доллар ба имзо расид. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, Созишномаи грантиро аз ҷониби шаҳрдории Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров ва аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд намояндаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Улф Хиндстром имзо гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур ба маблағи беш аз 10 миллион доллар, ки аз он 60, 4 % грант (4 миллион $ гранти инвеститсионии Ҳукумати Нидерландия ва 1 миллион евро кӯмаки техникии ҳукумати Шветсия ва фонди грантии бонк) ва 39, 6% (4 миллион $) қарзи дарозмуддат мебошад, татбиқ карда мешавад. Алҳол тибқи Созишномаи қарзии мазкур байни шаҳрдории Душанбе ва Бонки Аврупоии таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт ба имзо расида, дар пойтахт Маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» таъсис дода шудааст. Дар асоси Созишномаи мазкур техникаҳои коммуналии партовкашон, қуттиҳои зарруӣ барои ҷамъоварии партов дар партовгоҳҳои шаҳрӣ харида мешавад. Мӯҳлати татбиқи Созшнома се сол буда, маблағи қарзӣ дар тӯли 15 сол пардохт карда мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






