ТАБРИКОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ДӮСТ БА МУНОСТИБАТИ ИСТИҚЛОЛЯТИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 8, 2010 15:48

 Табрикоти Президенти ИМА Барак  Обама ба муностибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,     Мўҳтарам ҷаноби Президент Аз номи мардуми Амрико Шумо  ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 19-умин солгарди истиқлолияти кишваратон 9 сентябр, самимона табрику таҳният мегўям. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ифтихорманд аст, ки шарики устувори ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Умедворам, ки  муносибатҳои устувори байни  ду кишвари  мо дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт ва ба мардуми Тоҷикистон ояндаи демократӣ, босубот ва шукуфонро таманно дорам.   Табрикоти Президенти Давлати Исломии Афғонистон Хамид Карзай ба муностибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Масаррат дорам ба Намояндагӣ аз мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати Рўзи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалолатмаоби Шумо ва  мардуми бародари Тоҷикистонро тақдим менамоям. Мо ба равобити дўстонаи миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пояи эҳтироми  мутақобил ва манофеи муштарак бино ёфтааст, ба дидаи қадр менигарем. Боварии комил дорам, ки муштаракоти динӣ ва фарҳангӣ ва ҳамкориҳои наздик ва дўстона, миёни кишварҳои мо, боиси таҳким ва густариши  ҳарчи бештари  равобит ва ҳамкориҳо дар оянда хоҳанд гардид. Сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо, рифоҳ ва саодати мардуми дўст ва бародари Тоҷикистон орзўи ман аст.     Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул  ба муностибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    Мўхтарам Президент,  Бародари азиз, Ба муносибати Рўзи Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ ва халқи бародари Тоҷикистонро  аз самими қалб муборакбод мегўям. Боварии комил дорам, ки бо кўшишу ғайрат ва иродаи муштаракамон  муносибатҳои дўстонаи  байни кишварҳоямон, ки пайвастагиҳои фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, боз ҳам рушду таҳким меёбанд. Ҳамкории Тоҷикистон дар ҷодаи ташаббусҳои  байналмилалӣ ва минтақавие, ки  мо дар ҷуғрофияи Авруосиё амалӣ месозем, аҳамияти калон дорад. ҳамчунин итминон дорам, ки ҳамкории зич ва самимонаи  байни ҳарду кишвар  баҳри мустаҳкам намудани  фазои сулҳу истиқрор дар минтақаамон, фароҳам овардани иқтисодиёти ягона ва ҳамбастагии халқҳоямон мусоидат хоҳад намуд. Бо ҳамин гуфтаҳо ҷаноби Олиро ба Туркия ба муносибати намоиши «Шаби арус», ки дар шаҳри Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Коня моҳи декабр баргузор мешавад, такроран даъват менамоям ва ба Шумо саломативу хушбахтӣ ба халқи бародари Тоҷикистон беҳбудиву давлатмандӣ орзу менамоям.   

Сентябрь 8, 2010 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ