ТАШКИЛИ МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ХУБ АСТ

Сентябрь 21, 2010 15:29

            Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо  вилоятҳои пахтакори Тоҷикистон — Суғду Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахтаро хуб ташкил намудаанд. Дар вилояти Суғд ба маъракаи ҷамъоварии пахта 27 ҳазору 300 нафар саҳмдорон ва 6556 нафар ёрдамчиён   ҷалб шуда бошанд, дар вилояти Хатлон бошад ба ин маърака 4 маротиба зиёдтар саҳмдорону ҳашарчиён   сафарбар  шудаанд.             Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, то 20 – уми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз 92 ҳазор тоннаи дар дурнамои истеҳсоли пахта  пешбинишуда, 7249 тонна пахта ҷамъоварӣ   шудааст. Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти пахтакори ҷумҳурӣ мебошад, соли ҷорӣ тибқи нақша   ҷамъоварии 194 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст.              Айни замон дар  вилоят 64 ҳазору 626 тонна пахтаи гаронбаҳо чида  шудааст, ки баробари 33,3 фоизи нақша мебошад.

Сентябрь 21, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст