«ТАВСЕАИ ЭНЕРЖИИ ПОК» ҲИСОБКУНАКҲО ВОРИД МЕСОЗАД

Сентябрь 21, 2010 15:02

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ширкати эронии «Тавсеаи энержии пок» бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоди ҳамкориро дар заминаи фурӯш ва ба корандозии 200 ҳазор  дастгоҳи назорати барқии электронӣ ба имзо мерасонад.Назар ба иттилои масъули бахши иқтисод ва тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Баёнӣ  ҳисобкунакҳои ҷадиди электронии барқӣ, ки сохти Эрон мебошад,  дар минтақаи Хатлон насб карда мешаванд. Мавсуф афзуд, ки роҳбарияти  ширкати «Тавсеаи энержии пок» дар доираи баргузории нахустин намоишгоҳи технологияи энергетикии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе қарор доранд. Ширкати мазкур ҳамзамон, саъй дорад, ки ҷиҳати ба роҳандозии системаи биллингӣ (технологияи ҷадид барои судури чиптаҳои истифодаи нерӯи барқ) дар Тоҷикистон як идда корҳоро ба анҷом расонад.

Сентябрь 21, 2010 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст