ВАКИЛОН ДАР СУҒД МУЛОҚОТ ОРОСТАНД
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова, вакилони мардумӣ Домуллоҷон Ҷабборов, Шодӣ Шабдолов, Маҳмадшариф Нозимов, Исмоил Талбаков ва Абдузафар Иномов бо интихобкунандагони худ дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» ва толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти «Қистакӯз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқот карданд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот вакилон бо интихобкунандагон роҷеъ ба дурнамои миёнамӯҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ барои се соли оянда, рушди соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, хароҷоти шаффофу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, содда намудани низоми андозбандӣ ва оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ ва соири масоили рушди ҷомеа маълумоти мукаммал доданд. Бояд зикр кард, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муддати 10 рӯз вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ мулоқот менамоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






